Ахири ҳафтаи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур иттилоъ доданд, ин мулоқот дар доираи силсилабарномаҳои омӯзишӣ-методӣ барои хизматчиёни ҳарбие, ки ба корҳои тарбиявӣ масъул мебошанд, доир гардид.
Ба иштирокчиёни вохӯрӣ дар бораи вазъи мухаддиротӣ дар ҶТ, оқибатҳои истеъмоли маводи нашъадор ва роҳу усулҳои пешгирӣ аз нашъамандӣ маълумоти муфассал пешкаш карда шуд.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои байни Агентӣ ва СҚС КДАМ дар самти мубориза бо муомилоти маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон мавриди сӯҳбат қарор гирифтанд.