Кумаки Чин ба Тоҷикистон дар бунёди Маркази селексионии маҳсулоти кишоварзӣ

Date:


Мақомоти бахши кишоварзии Тоҷикистону Чин оид ба бунёди Маркази таҷрибавии селексионии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқоти муовини аввали вазири кишоварзии ҶТ Юсуф Султоннноёбов бо намояндагони Вазорати кишоварзии Чин аз вазъи муносибатҳои дуҷониба дар бахши кишоварзӣ, бахусус дастгирии ҷониби Чин бо техникаву омӯзиши кадрҳои тоҷик изҳор қаноатмандӣ зоҳир шудааст.

«Намояндагони Чин ҳамкории ҷонибҳо дар бахши кишоварзиро мусбат арзёбӣ намуда, изҳор карданд, ки Чин минбаъд низ ба кишоварзони тоҷик дар дастрасӣ ба технологияи муосир оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ ва омӯзиши кадрҳо ёрӣ хоҳад расонид», – гуфтанд дар вазорат.

Ба итттилои манбаъ, ҷиҳати муайян кардани макони ҷойгиршавии Маркази таҷрибавии селексионии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...