Кумаки Чин ба Тоҷикистон дар бунёди Маркази селексионии маҳсулоти кишоварзӣ

Мақомоти бахши кишоварзии Тоҷикистону Чин оид ба бунёди Маркази таҷрибавии селексионии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқоти муовини аввали вазири кишоварзии ҶТ Юсуф Султоннноёбов бо намояндагони Вазорати кишоварзии Чин аз вазъи муносибатҳои дуҷониба дар бахши кишоварзӣ, бахусус дастгирии ҷониби Чин бо техникаву омӯзиши кадрҳои тоҷик […]

Пайрав Чоршанбиев


Мақомоти бахши кишоварзии Тоҷикистону Чин оид ба бунёди Маркази таҷрибавии селексионии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқоти муовини аввали вазири кишоварзии ҶТ Юсуф Султоннноёбов бо намояндагони Вазорати кишоварзии Чин аз вазъи муносибатҳои дуҷониба дар бахши кишоварзӣ, бахусус дастгирии ҷониби Чин бо техникаву омӯзиши кадрҳои тоҷик изҳор қаноатмандӣ зоҳир шудааст.

«Намояндагони Чин ҳамкории ҷонибҳо дар бахши кишоварзиро мусбат арзёбӣ намуда, изҳор карданд, ки Чин минбаъд низ ба кишоварзони тоҷик дар дастрасӣ ба технологияи муосир оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ ва омӯзиши кадрҳо ёрӣ хоҳад расонид», – гуфтанд дар вазорат.

Ба итттилои манбаъ, ҷиҳати муайян кардани макони ҷойгиршавии Маркази таҷрибавии селексионии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.