Салоҳияти беш аз 300 имомхатибон санҷида мешавад

Нимаи дуюми моҳи апрели соли равон салоҳияти беш аз 300 нафар имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон, ки пас аз санҷиши соли гузашта ба онҳо муҳлати озмоишӣ дода шуда буд, мавриди санҷиши дубора қарор мегирад. Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши салоҳияти 3 ҳазору 356 имомхатибон дар соли гузашта 106 нафар аз аттестатсия нагузашта, ба зиёда аз […]

Меҳрангез Турсунзода


Нимаи дуюми моҳи апрели соли равон салоҳияти беш аз 300 нафар имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон, ки пас аз санҷиши соли гузашта ба онҳо муҳлати озмоишӣ дода шуда буд, мавриди санҷиши дубора қарор мегирад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши салоҳияти 3 ҳазору 356 имомхатибон дар соли гузашта 106 нафар аз аттестатсия нагузашта, ба зиёда аз 300 нафар муҳлати озмоишӣ дода шуда буд.

Тавре аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, имомхатибон аз гузаронидани санҷиш огаҳ гардида, ба он омодагӣ мегиранд. «Дар санҷиш сатҳи ҷаҳонбинии имомхатибон доир ба масоили динӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ озмуда мешавад», – гуфтанд дар кумита.

Ба иттилои манбаъ, имомхатибон бояд аз доишҳои динӣ ва дунявӣ бархӯрдор бошанд. «Ҳадаф аз баргузории санҷиш озмудани сатҳи дониш, таҷриба ва ҷаҳонбинии номзад ба имомхатибӣ аст, зеро имомхатиб ба тарбияи ибодаткунандагон низ машғул аст», – афзуд манбаъ.

Қаблан раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба ин масъала изҳор дошта буд, ки имомхатиби асри 21 бояд шахси ҳамаҷониба босавод дар масоили ҳам диниву ҳам дунявӣ бошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.