Коҳиши талабот ба бензин дар Тоҷикистон

Дар зарфи 2 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти бензин ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 12 ҳазор тонна коҳиш ёфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсат оид ба таъминоти нафту гази Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Ёрмаҳмад Бегаҳмадов хабар дод, соли равон ба Тоҷикистон дар маҷмуъ 70,6 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ […]

Заррина Эргашева


Дар зарфи 2 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти бензин ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 12 ҳазор тонна коҳиш ёфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсат оид ба таъминоти нафту гази Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Ёрмаҳмад Бегаҳмадов хабар дод, соли равон ба Тоҷикистон дар маҷмуъ 70,6 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 9 ҳазор тонна камтар аст.

«Дар ҳамин ҳол, камбуди бензин дар бозор ба мушоҳида намерасад, зеро ҳаҷми воридоти гази моеъ афзуда, аксари воситаҳои нақлиёт ба истифодаи ин намуди сӯзишворӣ мегузаранд», – гуфт вай.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати кишвар, соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ беш аз 4 маротиба афзуда, 15 ҳазор тоннаро ташкил додааст. «Гази моеъ асосан аз Қазоқистон дастрас гардида, айни замон панҷ ширкат – «Фароз», «Зетгаз», «Тоҷирон», «Газромнефт-Тоҷикистон» ва «Муҳаммад Пӯлод» ба воридоти он ҳамчунин аз Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия низ машғуланд», – гуфтанд дар вазорат.

Зикр гардид, ки дар ин давра ҳамчунин воридоти сӯзишвории дизелӣ низ афзуда, ҳаҷми он аз 17,5 ҳазор тоннаи ҳамин давраи соли гузашта то ба 19,4 ҳазор тонна расонида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.