Вохӯрии кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи 5 кишвар дар АНМН

Рӯзҳои 29-30 марти соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории байниидоравии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи 5 кишвар – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (гурӯҳи “Хатсайри Шимол”), ки дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкорӣ мекунанд, доир мегардад. Тавре аз Маркази […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 29-30 марти соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории байниидоравии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи 5 кишвар – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (гурӯҳи “Хатсайри Шимол”), ки дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкорӣ мекунанд, доир мегардад.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба баргузории амалиётҳои муштарак оид ба пешгирии гурӯҳҳои мухаддиротии трансмиллии дар ин минтақа амалкунанда, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, миёни идораҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон, Россия, ИМА ва Тоҷикистон табодули ахбори оперативӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба роҳ монда шудааст, ки имкон медиҳад гурӯҳҳои муташаккили ҷиноие, ки робитаҳои устувори байналмилаӣ доранд, ошкор ва аз байн бурда шаванд.  Ин гуна ҳамкорӣ сабабгори беҳбудии тадриҷии вазъи мухаддиротӣ дар минтақа мегардад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ин ҷаласаи шашуми гурӯҳи корӣ  аст, ки он  соли 2010 таъсис ёфтаааст ва он баъди анҷоми панҷумин конфронси минтақаии ҳамкориҳои иқтисодӣ барои Афғонистон (RECCA) баргузор мегардад, ки ин баёнгари муҳим будани ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақа ва ташкил намудани сипари боэътимод дар роҳи қочоқи мухаддирот аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.