Суди Хатлон шикояти халабонони Rolkan-ро рад кард

Суди вилояти Хатлон шикояти халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments LTD Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро рад кард. Чуноне адвокати халабонон Ғулом Бобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз суди вилояти Хатлон нисбат ба шикояти халабонон оид ба бегуноҳ эътироф кардани онҳо посух гирифта шудааст, ки шикоят беасос буда, ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа дар чаҳорчӯби қонун […]

Сайраҳмон Назриев


Суди вилояти Хатлон шикояти халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments LTD Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро рад кард.

Чуноне адвокати халабонон Ғулом Бобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз суди вилояти Хатлон нисбат ба шикояти халабонон оид ба бегуноҳ эътироф кардани онҳо посух гирифта шудааст, ки шикоят беасос буда, ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа дар чаҳорчӯби қонун содир шудааст.

Аммо Бобоев чунин посухро қабул надошта, ба қабули раиси Суди вилоятӣ ноил шуданист. Ба андешаи ӯ, дар амали халабонон аломатҳои ҷиноят тибқи моддаҳои 289 (Қочоқ) ва 335 (Убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ)-и КҶ ҶТ ҷой надоранд.

Ёдрас мекунем, ки 8-уми ноябри соли гузашта додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments LTD, шаҳрвандони Русияву Эстония Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳарду ҳавопаймо ва муҳаррики ҳавопаймо ба фоидаи давлат мусодира шуданд.

Дар таърихи 22-юми ноябр суди вилояти Хатлон бо тартиби кассатсионӣ ҳукмро бознигарӣ намуда, онро то мӯҳлати 2 солу 6 моҳ кам кард ва бо истифода аз қонуни афв ва ба инобат гирифтани муддати дар зиндон будани халабонон, онҳоро аз толори додгоҳ озод кард. Қарори додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа бобати мусодираи ҳавопаймоҳо бетағйир боқӣ гузошта шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.