spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мушовирони Русия дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд


Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба масоили марзиро тасдиқ кард.

Созишномаи мазкурро дар таърихи 2-юми сентябри соли гузашта сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар Душанбе ба имзо расонида буданд.

Дар он ҳузури мушовирони русиягӣ оид ба масоили марзӣ дар ҳайати гурӯҳи ҳамкориҳои сарҳадӣ ва танзими масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризм, ифротгароии динӣ, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи нашъаовар пешбинӣ шудааст.

Зимни шарҳи санади мазкур ба вакилони палатаи поёнии парлумон фармондеҳи қувваҳои сарҳадбонии ҷумҳурӣ Шералишо Мирзоев зикр кард, ки иштироки намояндагони Русия дар такмили низоми муҳофизати сарҳади давлатӣ, таъмини амнияти марз ва тайёр кардани кадрҳо барои нерӯҳои марзбонӣ дар назар аст.

Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки лоиҳаи ҳуҷҷати мазкур соли 2011 таҳия гардида, ба манфиатҳои ҳарду давлат ҷавобгӯ аст. «Тибқи созишномаи нав, марзбонони русиягӣ минбаъд низ ба ҳамтоҳои тоҷики худ дар омодасозии кадрҳо, амалисозии ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва муҷаҳҳаз кардани марзи давлатӣ бо таҷҳизоти муҳандисӣ кӯмак мерасонанд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси президенти Русия сӯҳбати телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон  ва Дмитрий Медведев баргузор шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Русия, дар он аз ҷумла масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникӣ ва ҳамчунин таҳкими заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии он баррасӣ шуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...