Кумаки GIGAWATT Global ба Тоҷикистон дар рушди энергетикаи офтобӣ

Чанде қабл дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати GIGAWATT Global (GWG) Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, зери санади мазкур вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ва президенти ширкати GWG Йозеф Абрамович имзо гузоштанд. Мутобиқи санади баимзорасида, роҳандозии ҳамкорӣ дар самтҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати GIGAWATT Global (GWG) Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, зери санади мазкур вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ва президенти ширкати GWG Йозеф Абрамович имзо гузоштанд.

Мутобиқи санади баимзорасида, роҳандозии ҳамкорӣ дар самтҳои ҷалби сармоягузорӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмону мавриди амал қарор додани нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал амалисозии лоиҳаҳои санҷишӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ оид ба насби таҷҳизот барои ба даст овардани энергияи офтобӣ дар назар аст.

GIGAWATT Global ширкати байнулмилалиест, ки дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта дар бахши рушди сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия фаъолият дорад. Ширкати GWG дар тамоми ҷанбаҳои амалисозии лоиҳаҳо оид ба энергияи барқароршаванда аз таҷрибаи бою ғанӣ бархӯрдор буда, бо Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ва дигар созмонҳои маъруфи ҷаҳонӣ робита ва ҳамкории хуб дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.