Толибилми синфи 1 зери чархи «тангемка» ҳалок шуд

Дар шаҳри Душанбе толибилми синфи 1 зери чархи автомашинаи «Тангем» монда, зимни интиқол ба бемористон дар роҳ ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон автомашинаи ронандаи 42-сола Абдувоҳид Бозоров ба толибилми синфи 1 бармехӯрад, ки дар натиҷа аз […]

Наргис Ҳамробоева


Дар шаҳри Душанбе толибилми синфи 1 зери чархи автомашинаи «Тангем» монда, зимни интиқол ба бемористон дар роҳ ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон автомашинаи ронандаи 42-сола Абдувоҳид Бозоров ба толибилми синфи 1 бармехӯрад, ки дар натиҷа аз ҷароҳатҳои бардошта ӯ ба ҳалокат мерасад.

Раёсати БДА аз тамоми ронандагону роҳгузарон даъват ба амал меоварад, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя кунанд.

Дар ҳамин ҳол, як хонандаи ОИ «Азия-Плюс» дар суҳбати телефонӣ хабар дод, ки субҳи имрӯз дар гузаргоҳи рӯ ба рӯи мактаби таҳсилоти умумии №1 дар наздикии Хонаи матбуоти пойтахт чароғаки роҳгузар кор намекард.

«Ин ҷо ҳаракати нақлиёт хеле зиёд аст ва корношоям будани чароғак ҳам барои ронандагону ҳам барои роҳгузарон мушкилоти зиёдеро пеш овард, зеро аксари толибилмон давида роҳро гузаштанӣ мешуданду, таври маъмул ронандагон ба ин кори онҳо на он қадр таваҷҷуҳ доштанд», – хабар дод хонанда.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА, соли равон дар роҳҳои кишвар 239 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 296 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 69 нафар ҳалок (ҳамин давраи соли гузашта – 106 нафар) ва 263 тан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ (ҳамин давраи соли 2011 – 341 нафар) бардоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.