Ҳамоиши «Муҳоҷират дар Русия: ҳамкорӣ ва амният» дар Маскав

Имрӯз дар «Президент отел»-и шаҳри Маскав Ҳамоиши чоруми байнулмилалӣ таҳти унвони «Муҳоҷират дар Русия: ҳамкорӣ ва амният» ба кор оғоз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги тоҷикии TAJINFO дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар кори ҳамоиш, ки аз ҷониби Федератсияи муҳоҷирони Русия дар ҳамдастӣ бо Палатаи ҷамъиятии Русия созмон дода шудааст, намояндагони маъмурияти […]

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз дар «Президент отел»-и шаҳри Маскав Ҳамоиши чоруми байнулмилалӣ таҳти унвони «Муҳоҷират дар Русия: ҳамкорӣ ва амният» ба кор оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги тоҷикии TAJINFO дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар кори ҳамоиш, ки аз ҷониби Федератсияи муҳоҷирони Русия дар ҳамдастӣ бо Палатаи ҷамъиятии Русия созмон дода шудааст, намояндагони маъмурияти президент ва ҳукумати Русия, вакилони Думаи Давлатӣ ва Шӯрои Федератсия, намояндагони ҳукуматҳои минтақаҳо, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятиву байнулмилалӣ ва намояндагони диаспораҳои миллӣ – дар маҷмуъ беш аз сад иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ширкат меварзанд.

«Ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти муҳоҷирати дохиливу хориҷӣ аз ҳадафҳои аслии ҳамоиш аст, – иброз дошт Эгамзод. – Дар ҳамоиш баррасии масоили марбут ба мусоидат ҷиҳати муттаҳид будани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат дар таҳияи назари ягона ва тавсияҳо оид ба танзими минбаъдаи раванди муҳоҷират ва таъмини амният дар Русия баррасӣ мешаванд».

Номбурда афзуд, миёни иштирокдорони ҳамоиш атрофи масоили мусоидат ба таҳаммулпазирона аз ҷониби шаҳрвандони Русия ва пеш аз ҳама ҷавонон қабул кардани фарҳангу анъанаҳои халқҳои дигар низ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.