КМИР санаи интихобот ба як ҷой дар Маҷлиси миллиро муайян кард

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи интихобот ба як ҷойи холишуда дар палатаи болоии парлумони кишвар ба ивази Нуриддин Саидовро муайян кард. Тавре аз котиботи КМИР хабар доданд, ин маъракаи интихоботӣ санаи 9-уми июн доир мегардад. Нуриддин Саидов аввали моҳи январ ба мансаби вазири маорифи ҷумҳурӣ таъин шуда, ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси […]

Аваз Юлдошев


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи интихобот ба як ҷойи холишуда дар палатаи болоии парлумони кишвар ба ивази Нуриддин Саидовро муайян кард.

Тавре аз котиботи КМИР хабар доданд, ин маъракаи интихоботӣ санаи 9-уми июн доир мегардад.

Нуриддин Саидов аввали моҳи январ ба мансаби вазири маорифи ҷумҳурӣ таъин шуда, ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ-ро супурд.

Қобили зикр аст, ки палатаи болоии парлумони кишвар аз 33 нафар аъзо иборат буда, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро интихоб менамоянд ва 8 нафари дигар бо фармони президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд.

Ғайр аз ин, собиқ президентҳои Тоҷикистон агар ихтиёран аз ин ҳуқуқ даст накашанд, метавонанд якумр аъзои Маҷлиси миллӣ бошанд. Дар даъвати феълии Маҷлиси миллӣ собиқ президенти ҶТ Қаҳҳор Маҳкамов аз чунин ҳуқуқ бархӯрдор аст.

Муҳлати ваколати Маҷлиси Олӣ 5 солро ташкил медиҳад. Бо анҷоми ин муҳлат интихоботи нав гузаронида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.