Баррасии вазъи муносибатҳо бо Тоҷикистон дар Шӯрои амнияти Ӯзбекистон

– Дар ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти миллии Ӯзбекистон, ки рӯзи сешанбе доир гардид, вазъи муносибатҳои кунунӣ бо Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, – хабар медиҳад ОИ «Фергана». Бино ба маълумоти оҷонсӣ, дар ҷаласа вазъи муносибатҳо бо кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон, ки ахиран хеле муташанниҷ шудаанд, баррасӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ОИ «Жаҳон»-и назди Вазорати корҳои хориҷии […]

Пайрав Чоршанбиев


– Дар ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти миллии Ӯзбекистон, ки рӯзи сешанбе доир гардид, вазъи муносибатҳои кунунӣ бо Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, – хабар медиҳад ОИ «Фергана».

Бино ба маълумоти оҷонсӣ, дар ҷаласа вазъи муносибатҳо бо кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон, ки ахиран хеле муташанниҷ шудаанд, баррасӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ОИ «Жаҳон»-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон менависад, ҷаласа таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон, раиси Шӯрои амнияти миллӣ Ислом Каримов баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҷаласа вазъи корҳо ва таҳдидҳо ба амният дар Ӯзбекистон ва минтақа ва ҳамчунин чораву тадбирҳои пешгирии онҳо мавриди таҳлил қарор гирифтаанд Дар ҷаласа роҳбарони ҳукумат ва мақомоти дахлдори Ӯзбекистон иштирок кардаанд.

Тибқи маълумоти ОИ «Фергана», ҷаласаҳои Шӯрои амнияти миллии назди президенти Ӯзбекистон хеле кам доир мегарданд ва ҷаласаи охири ин шӯро моҳи апрели соли 2009 баргузор шудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 2-юми апрел дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар робита ба муносибатҳои кунунии Тоҷикистону Ӯзбекистон як изҳорот нашр шуд.

Дар изҳорот зикр гардида буд, ки қатъи ҳаракати қатораҳо тавассути қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг, иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба интиқоли газ ба Тоҷикистон, розӣ нашудан ба интиқоли барқ аз Туркманистон тавассути қаламрави худ, изҳори норозигӣ ба анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун, эълони ҷанги иттилоотӣ бо Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) бо баҳонаи ҳифзи муҳити зист, дархости ба моликияти Ӯзбекистон табдил додани обанбори Фарҳод бо қаламраваш, то ба ҳол аз минаҳо поккорӣ накардани 54 қитъаи марзҳои муштарак ва ғайра аз ҷумлаи мушкилоти миёни кишварҳост.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.