Сарояндаи навраси тоҷик Дали дар озмуни байнулмилалии «Мавҷи тоза» мақоми дуюмро касб кард

Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сарояндаи навраси тоҷик Дали дар озмуни байнулмилалии «Мавҷи тоза», ки рӯзи шанбе дар шаҳри Маскав баргузор шуд, дар гурӯҳи овозхонони аз 8 то 12-сола мақоми дуюмро касб кардааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд, тӯли 1 сол барои ширкат дар озмуни кӯдаконаи «Мавҷи тоза» аз […]

Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сарояндаи навраси тоҷик Дали дар озмуни байнулмилалии «Мавҷи тоза», ки рӯзи шанбе дар шаҳри Маскав баргузор шуд, дар гурӯҳи овозхонони аз 8 то 12-сола мақоми дуюмро касб кардааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд, тӯли 1 сол барои ширкат дар озмуни кӯдаконаи «Мавҷи тоза» аз кишварҳои мухталиф дархостномаҳо ирсол шуданд, ки иштирок дар қисмати ниҳоии он ба 18 нафар аз 11 давлат муяссар гардид. Озмун дар ду гурӯҳ аз 8 то 12-сола ва аз 13 то 15-сола ҷараён гирифт.



Ба гуфтаи манбаъ, дар гурӯҳи хурдсолон ҷоизаи аввал ба Кристина Светличной аз Белорус супорида шуд. Мавқеъи дуюмро ҳамватани мо Дали ва ҷойи сеюмро Диана Мария аз Олмон ишғол карданд. «Ба ғолибони озмун тӯҳфаҳои қимматбаҳо аз ҷумла синтезатор, студияи хурди сабти овоз ва роҳхат ба Диснейленди Фаронса супорида шуданд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки ба ҳамаи иштирокдорони озмун микрофонҳои касбӣ ва гувоҳинома тақдим гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.