Семоҳаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар «ТАЛКО» ба 153, 1 млн. $ расид

Дар зарфи се моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» ба 153,1 млн. доллари ИМА расид. Тайи ин муддат дар корхона 74 ҳазору 058 тонна ашёи хоми алюминий ва 73 ҳазору 362 тонна алюминии аввалия истеҳсол гардид. Бо пешниҳоди маълумоти мазкур сухангӯйи ширкати «ТАЛКО» Саёҳат Қодирова маълумоти дар хабари ОИ «Азия-Плюс» […]

ASIA-Plus


Дар зарфи се моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» ба 153,1 млн. доллари ИМА расид. Тайи ин муддат дар корхона 74 ҳазору 058 тонна ашёи хоми алюминий ва 73 ҳазору 362 тонна алюминии аввалия истеҳсол гардид.

Бо пешниҳоди маълумоти мазкур сухангӯйи ширкати «ТАЛКО» Саёҳат Қодирова маълумоти дар хабари

ОИ «Азия-Плюс»

  дарҷшуда бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳуриро рад кард.

Саёҳат Қодирова таъкид кард, ки дар муқоиса бо семоҳаи 4-уми соли 2011 ҳаҷми афзоиши истеҳсолот дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 8%-ро ташкил дод, ки гувоҳи зиёд гардидани иқтидорҳои истеҳсолии корхона аст.

Ғайр аз ин, С.Қодирова гуфт, дар ин давра «ТАЛКО» ҳамчунин ба зиёд кардани ҳаҷми фармоишҳо ба маблағи 5-6 млн. доллари ИМА бо шарикон дар Тоҷикистон ноил гардидааст, ки ин дар навбати худ ба рушди имконоти истеҳсолии саноати миллӣ мусоидат менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.