Вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷират бо намояндагони диаспораҳои миллии муқими кишвар

Имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиаллор Девонаев бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ (диаспораҳо), ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин, намояндагиҳои  корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон баргузор  мегардад. Тавре аз Маркази матбуоти хадамоти мазкур иттилоъ доданд, мақсад аз даъват намудани меҳмонон, баррасӣ ва ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиаллор Девонаев бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ (диаспораҳо), ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин, намояндагиҳои  корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон баргузор  мегардад.

Тавре аз Маркази матбуоти хадамоти мазкур иттилоъ доданд, мақсад аз даъват намудани меҳмонон, баррасӣ ва ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳои кишвари буду бош, инчунин кору фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сохторҳои он, ташкил намудани Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҳайати  он, вазифаҳои Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорат аз рӯйи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ (диаспораҳо), ки дар қаламрави ҶТ ба қайд гирифта шудаанд, мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.