Додоҷон Атовуллоев аз бими ҳаёт Русияро тарк гуфт

Журналист ва мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев Русияро тарк гуфта, айни замон дар яке аз кишварҳои Аврупо қарор дорад, – иттилоъ медиҳад оҷонсии «Фергана.ру». Ба оҷонсии мазкур номбурда гуфтааст, ахиран пайгириашро мушоҳида кардааст. «Масалан, автомобили маро ҳамеша як автомобили тамғаи «Форд» таҳти идораи марди симои осиёидошта пайгирӣ намуда, ҳамчунин назди бинои истиқоматиам муддати чанд […]

ASIA-Plus


Журналист ва мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев Русияро тарк гуфта, айни замон дар яке аз кишварҳои Аврупо қарор дорад, – иттилоъ медиҳад оҷонсии «Фергана.ру».

Ба оҷонсии мазкур номбурда гуфтааст, ахиран пайгириашро мушоҳида кардааст. «Масалан, автомобили маро ҳамеша як автомобили тамғаи «Форд» таҳти идораи марди симои осиёидошта пайгирӣ намуда, ҳамчунин назди бинои истиқоматиам муддати чанд рӯз ду шахси ношиносеро мушоҳида кардаанд, ки гоҳ-гоҳ ба даромадгоҳи манзили ман ворид мешудаанд ва ғайра», – изҳор доштааст ӯ ба хабаргузорӣ.

Хабаргузорӣ зикр менамояд, ки дар Маскав мондани Атовуллоев бехатар набуд, зеро аксаран бар ин гумон буданд, ки ӯро бо мусоидати (ё аз фориғболии) мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба гунаи

Низомхон Ҷӯраев

хадамоти махсуси Тоҷикистон метавонистанд «бидузданд».

Бо мақсади таъмини амнияти Атовуллоев журналистон ва дӯстонаш ӯро то фурудгоҳ гусел кардаанд. Гуфта мешавад, феълан макони будубоши Атовуллоев бехатар буда, ояндаи наздик ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои аврупоӣ ба табобат мепардозад.

Ёдрас мекунем, ки 12-уми январи соли равон ба ҷони Атовуллоев суиқасд ташкил гардида, ӯ аз захми корд ҷароҳат бардошт. Танҳо ба туфайли саривақт расидани мошини «Ёрии таъҷилӣ» ва маҳорати касбии ҷарроҳони Донишкадаи Ёрии таъҷилии ба номи Склифосовский, наҷоти журналист муяссар гардид. Аксари коршиносон ин суиқасдро ба фаъолияти Атовуллоев, ки зидди ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, нисбат медиҳанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.