Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ пеш аз мӯҳлат анҷом ёфт

Душанбе. 29-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз нақшаи маъракаи   даъвати тирамоҳӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пурра ба итмом расид. Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аввалин шуда аз иҷрои нақшаи даъват аз вилояти Хатлон хабар додаанд. «Сипас шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 29-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз нақшаи маъракаи

 

даъвати тирамоҳӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пурра ба итмом расид.




Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аввалин шуда аз иҷрои нақшаи даъват аз вилояти Хатлон хабар додаанд. «Сипас шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд низ аз иҷрои нақша мужда доданд», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз 16-уми сентябр оғоз гардида, бояд то 30-уми ноябр давом мекард. Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 600 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли лоиқ ба даъват ба хизмати ҳарбӣ сабт шудаанд. «Аз ин миқдор тақрибан 150 ҳазор нафар ҳуқуқи мавқуфгузорӣ ё озодӣ аз хизмат доранд ва ҳудуди 100 ҳазор нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд», – афзуд манбаъ.

  



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.