Анҷумани «Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе» дарҳои худро боз мекунад

Date:


Санаи 22-юми опрели соли 2012 дар бинои факултаи Муштараки тоҷикию украинии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Анҷумани “Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе” баргузор мегардад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази Технологияҳои Иттилоотӣ-Коммуникатсионӣ хабар доданд, ҳадафи Анҷуман – оммавӣ кардани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар байни ҷавонону донишҷӯён барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.

Дар кори Анҷуман иштироки беш аз 100 нафар аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар назар аст. Дар тӯли як рӯз ҷавонон имкон пайдо мекунанд, ки ақидаҳои худро дар бораи истифодаи ТИК дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ баён намоянд. Дар се толори иҷлосиявӣ дар як вақт презентатсияҳо оид ба истифодаи ТИК дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкории ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва меҳнат ва ғ. гузаронида мешаванд. Хамзамон, дар чорабинӣ намояндаҳои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ, таҳиягарони технологияҳои иттилоотӣ (ТИ), мутахассисони воситаҳои нави иттилоотӣ, барномасозон, омӯзгорон ва намояндагони касбҳои гуногун, ки дар фаъолияти худ ТИ-ро истифода мебаранд, иштирок мекунанд.

Инчунин 18-уми апрел дар шаҳри Кӯлоб Анҷумани “Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон” ва 21-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд Анҷумани “Ҷавонони рақамии вилояти Суғд” доир мегарданд. Баргузории чунин Анҷуманҳо дар минтақаҳои кишвар ба ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон мусоидат карда, ба онҳое, ки ба пойтахт омада наметавонанд, имкон медиҳад, то дар маҳалҳои зисти худ барномаҳояшонро амалӣ созанд. Аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд дар маҷмӯъ беш аз 240 иштирокчӣ фаро гирифта мешаванд, ки аз миқдори намояндагони тоҷикистонии Анҷумани DYCA-и Осиёи Марказӣ ду баробар зиёд мебошад.

Ҳар се Анҷуман бо дастгирии молиявии шӯъбаи Ташкилоти байналмиллалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи “Ҷавонони рақамии Тоҷикистон” гузаронида мешавад.

Аз рӯйи натиҷаҳои се Анҷумани минтақавӣ муаллифони барномаҳои беҳтарин дар лагери байналмилалии навовариҳои иҷтимоӣ (Social Innovation Camp – SICamp), ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Қазоқистон баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард. Онҳо инчунин дар Анҷумани ҳарсолаи DYCA-и Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд.

Созмондиҳандаи Анҷумани “Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе” Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази Технологияҳои Информатсионӣ-Коммуникатсионӣ” мебошад. Анҷумани мазкур дар ҳамдастӣ бо Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, Факултаи муштараки тоҷикию украинии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ва Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” гузаронида мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...