Кӯмаки ФАО ба Тоҷикистон дар татбиқи Барномаи ислоҳоти бахши кишоварзӣ

Дар чаҳорчӯби кори Конфронси 37-уми байналмилалии Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна дар шаҳри Боку вохӯрии вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо роҳбари ин ташкилот Гратсиану да Силва баргузор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Дадабоев хабар дод, зимни сӯҳбат Қ. Қосимов мавқеи устувори […]

ASIA-Plus


Дар чаҳорчӯби кори Конфронси 37-уми байналмилалии Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна дар шаҳри Боку вохӯрии вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо роҳбари ин ташкилот Гратсиану да Силва баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Дадабоев хабар дод, зимни сӯҳбат Қ. Қосимов мавқеи устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи татбиқи ботадриҷи ислоҳоти аграрӣ, ки бо принсипҳои ФАО ҳамоҳанганд, таъкид намуда, изҳор кард, ки Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони ҳамкор барои Рушд ва миёнаравии ФАО ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ тӯли се соли охир Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Тоҷикистонро таҳия намудааст, ки стратегияи рушди соҳаи кишоварзиро барои даҳсолаҳо муайян мекунад».

Нуқтаи олии ҳамкории Вазорати кишоварзӣ ва ФАО, қайд намуд Қосим Қосимов, ин баргузории Конфронси байналмилалӣ доир ба «Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Тоҷикистон» соли гузашта дар шаҳри Душанбе мебошад, ки дар кори он бевосита Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, сухан гуфт. Дар суханронии худ Сарвари давлат мақсади ниҳоии ислоҳоти кишоварзиро дар ҷумҳурӣ на танҳо аз таъмини амнияти озуқаворӣ, балки афзудани қудрати содиротии мамлакат ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва некӯаҳволии мардум маънидод намуда буд.

Дар рафти сӯҳбат таъкид гардид, ки барои татбиқи ин барномаи дарозмӯҳлат Тоҷикистон ба кӯмаку миёнаравии ФАО байни Ҳукумати Тоҷикистон ва кишварҳои маблағгузор, яъне давлатҳои ҳамкор барои рушд ниёз дорад.

Дар навбати худ Грастсиану да Силва аз мавқеи пайгиронаи Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ислоҳоти аграрӣ пазироӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки имрӯз дар олам қариб як миллиард аҳолӣ камбуди озуқаро эҳсос ва аз гуруснагӣ азият мекашад. «Аз ин нуқтаи назар иқдоми Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои дигарро роҳбарияти ФАО дастгирӣ менамояд», – қайд кард Гратсиану ва ваъда дод, ки масъалаи мазкур дар Шӯрои олии ин ташкилот дар Рим, пойтахти Итолиё баррасӣ хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки масъалаи кушодани намояндагии комилҳуқуқи ФАО дар Тоҷикистон дар қарори Конфронси байналмилалии ФАО қисми 10, банди 29 (ERC/12/REP) ба таври расмӣ ворид ва аз тарафи вакилони конфронс пурра дастгирӣ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.