ХБА афзоиши интиқоли маблағҳои муҳоҷиронро пешгӯйӣ мекунад

Дар гузориши ҳамасолаи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) оид ба дурнамои рушди иқтисоди кишварҳо рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2012 пешгӯйӣ мешавад. «Иқтисоди Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон дар соли 2011 ба пешравӣ ноил гардида, соли равон низ аз ин ҳисоб дастгирӣ хоҳад ёфт», – зикр […]

ASIA-Plus


Дар гузориши ҳамасолаи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) оид ба дурнамои рушди иқтисоди кишварҳо рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2012 пешгӯйӣ мешавад.

«Иқтисоди Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон дар соли 2011 ба пешравӣ ноил гардида, соли равон низ аз ин ҳисоб дастгирӣ хоҳад ёфт», – зикр мегардад дар гузориш.

Бино ба маълумоти гузориш, соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон аз Русия ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тақрибан ба андозаи 20% афзуда, соли равон боз дар ҳаҷми 13% зиёд мешавад.

Тибқи пешгӯйии ХБА, афзоиши иқтисоди Қазоқистон дар соли равон 5,9% ва соли оянда 6%, Қирғизистон мутаносибан 5 ва 5,5%, Тоҷикистон – 6 ва 6%, Туркманистон – 7 ва 6,7% ва Ӯзбекистон – 7 ва 6,5%-ро ташкил хоҳад дод. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.