Вакилон моҳияти паёми сарвари давлатро шарҳ медиҳанд

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 23-юми апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоъ дар бораи ғасби (рабудани) воситаҳои нақлиёти ҳавоиро баррасӣ карданд. Тавре аз хадамоти […]

ASIA-Plus


Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 23-юми апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоъ дар бораи ғасби (рабудани) воситаҳои нақлиёти ҳавоиро баррасӣ карданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни муҳокимаи масъалаи мазкур, аз ҷумла зикр гардид, ки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти муҳими таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ дар соҳаи ҳифз ва истифодаи фазои ҳавоиро таъкид намуда, бо мақсади таъмини бехатарии истифодаи фазои ҳавоӣ, мухолифат ба терроризм ва таъмини бархӯрди ягона нисбат ба ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ба ин мувофиқа расиданд, ки тарафҳои ба Созишномаи мазкур имзогузошта дар ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопаймоҳо ва пешгирии амалҳои террористӣ бо истифодаи ҳавопаймо дар фазои ҳавоӣ тибқи Низомномаи тартиби фаъолияти навбатдорӣ, ки қисми ҷудонашавандаи Созишнома мебошад, ҳамкорӣ менамоянд.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ карданд.

Тибқи лоиҳаи қарори Шӯро, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 – уми апрел то 6 – уми майи соли ҷорӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд.

Масъалаҳои дигаре, ки ба рӯзномаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ворид шуда буданд – лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи минтақавии автомобилгарди Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин масъалаҳо «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» – ро муҳокима карданд.

Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Саиди Ёқубзод, Амир Катаев, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Хадича Ҳакимова ва дигар аъзои Шӯро андеша ва пешниҳодҳои худро барои такмили қонуну қарорҳои баррасишаванда ироа доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.