Иштироки Ш.Хайруллоев дар машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар кори машварати навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар шаҳри Пекин мегузарад, иштирок мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, иштирокдорони ҷаласа масоили таъмини амният дар фазои СҲШ ва ҳамчунин масоили ҳамокриҳои низомӣ ва низомӣ-техникиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. […]

Виктория Наумова


Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар кори машварати навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар шаҳри Пекин мегузарад, иштирок мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, иштирокдорони ҷаласа масоили таъмини амният дар фазои СҲШ ва ҳамчунин масоили ҳамокриҳои низомӣ ва низомӣ-техникиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Аз рӯйи натиҷаҳои машварат баёнияи муштарак ба имзо мерасад.

Дар Вазорати мудофиа ҳамчунин гуфтанд, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди Шералӣ Хайруллоев бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви СҲШ аз эҳтимол дур нест.

Имрӯз ҳамчунин дар шаҳри Пекин Машварати VII-уми раисони Судҳои олии кишварҳои узви СҲШ низ доир мегардад. Дар он раиси Суди Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев иштирок мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар машварат баррасии як қатор масоили муҳим, аз ҷумла ислоҳоти низоми адлия ва ҳамкорӣ миёни судҳо ва ВАО дар назар аст. Аз рӯйи натоиҷи машварат эъломияи муштарак ба имзо мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.