Омӯзгор ва мактаби беҳтарини Душанбе муайян шуданд

Дар рӯзи таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт мақомоти шаҳрдории Душанбе аз озмунҳои «Мактаби сол – 2011», «Директори сол – 2011», «Муаллими сол – 2011», «Кӯдакистони сол – 2011», «Мудири кӯдакистони сол – 2011», «Мураббии сол – 2011» ва «Синфи беҳтарини сол – 2011» натиҷагирӣ кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, мактаби № 13-и пойтахт […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар рӯзи таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт мақомоти шаҳрдории Душанбе аз озмунҳои «Мактаби сол – 2011», «Директори сол – 2011», «Муаллими сол – 2011», «Кӯдакистони сол – 2011», «Мудири кӯдакистони сол – 2011», «Мураббии сол – 2011» ва «Синфи беҳтарини сол – 2011» натиҷагирӣ кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, мактаби № 13-и пойтахт ғолиби озмуни «Мактаби сол – 2011» дониста шуда, коллективи меҳнатии мактаб бо манзили зисти сеҳуҷрадор қадрдонӣ шуд.

Директори гимназияи №9 Гулрӯ Сатторова «Директори сол – 2011» эътироф гардида, бо 3 ҳазор сомонӣ маблағ сарфароз гардонида шуд.

Омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси мактаби таҳсилоти умумии №78-и ноҳияи Фирдвавсӣ Виталий Рябсев дар озмуни «Муалллими сол – 2011» ғолиб омада, бо 2 ҳазор сомонӣ маблағ қадрдонӣ шуд.

Ғайр аз ин, синфи беҳтарини сол низ муайян карда шуд. Мактаби №55-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар озмуни «Синфи беҳтарини сол – 2011» ғолиб дониста шуд. Акнун роҳбари ҳамин синф Ҳафизова Нигина дар ҳаҷми 200 (дусад) сомонӣ барои 10 моҳ, сардори синф Каримова Шаҳноза дар ҳаҷми 60 (шаст)  сомонӣ барои 9 (нӯҳ) моҳ, хонандагони синф 26 (бисту шаш) нафар, ҳар  кадоме  дар  ҳаҷми  50 (панҷоҳ) сомонӣ  барои 9 (нӯҳ) моҳи соли 2012 бо идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида мешаванд. 

Ғолиби озмуни «Кӯдакистони сол – 2011» –  кӯдакистони     № 157 ноҳияи  Сино  дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ қадр карда шуд. Ғолиби озмуни «Мудири кӯдакистони сол – 2011» – мудири кӯдакистони № 44 ноҳияи Шоҳмансур  Усмонова Зебо бо мукофотпулӣ  дар ҳаҷми 2 ҳазор  сомонӣ ва ғолиби озмуни «Мураббии сол – 2011» – мураббии кӯдакистони № 117 ноҳияи  Фирдавсӣ Аъзамова Олмахон дар ҳаҷми  1,5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.