Ибрози назари БҶ оид ба сохтори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон

Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони ташкилотҳои мададрасони байнулмилалӣ вохӯрии навбатӣ оид ба масоили идораи молияи давлатӣ баргузор шуд. Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ «Ҳисобот дар бораи пешравии татбиқи Нақшаи амали Стратегияи ИМД дар давраи соли 2011 ва семоҳаи I-уми соли 2012», «Ҳисобот оид ба мониторинги Нақшаи амали […]

Пайрав Чоршанбиев


Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони ташкилотҳои мададрасони байнулмилалӣ вохӯрии навбатӣ оид ба масоили идораи молияи давлатӣ баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ «Ҳисобот дар бораи пешравии татбиқи Нақшаи амали Стратегияи ИМД дар давраи соли 2011 ва семоҳаи I-уми соли 2012», «Ҳисобот оид ба мониторинги Нақшаи амали Стратегияи ИМД дар давраи соли 2011 ва семоҳаи I-уми соли 2012» пешниҳод ва баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин Муаррифиномаи Котибот оид ба тақвияти имконоти Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ва Муаррифиномаи мушовири Бонки ҷаҳонӣ дар бораи вазъи ҷории таъсис ва сохтори ташкилии Палатаи ҳисоби ҶТ низ пешниҳод шуданд.

Ёдрас мекунем, ки Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати давлатии молиявӣ маҳсуб гардида, ояндаи наздик ба фаъолият шуруъ мекунад. Корҳои таъсиси он аз соли 2007 оғоз ёфта, моҳи июни соли 2011 Қонуни ҶТ «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд.

Мутобиқи қонун, мақоми олии назорати давлатии молиявӣ аз ваколатҳои зиёд бархӯрдор буда, мақоми мустақил аст ва ба палатаи поёнии парлумон ва президент ҳисобот медиҳад. Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чунин палата танҳо дар Тоҷикистону Белорус фаъолият надорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.