Оғози фаъолияти КВД «Тоҷикхориҷакор» дар Русия

Вазорати адлияи Русия ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор»-и Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирӣ ва ба Рӯйхати давлатии филиалҳои шахсони ҳуқуқии хориҷии муқими Федератсияи Русия шомил гардидан» шаҳодатнома супурд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, аллакай дар идораи «Тоҷикхориҷакор» дар Маскав кор оғоз гардида, рӯзи ҷумъаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазорати адлияи Русия ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор»-и Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирӣ ва ба Рӯйхати давлатии филиалҳои шахсони ҳуқуқии хориҷии муқими Федератсияи Русия шомил гардидан» шаҳодатнома супурд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, аллакай дар идораи «Тоҷикхориҷакор» дар Маскав кор оғоз гардида, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Санкт-Петербург филиали корхона кушода шудааст.

Зимни чорабинии тадорукотӣ оид ба ифтитоҳи намояндагӣ дар шаҳри Санкт-Петербург (20-уми апрел) бобати дар фурсати наздиктарин ҳал кардани вазифаҳои ташкили ба қайди андоз гузоштан, таъсиси фонди бимаи иҷтимоӣ, фонди нафақа, таҳияи дастури вазифавӣ барои ҳайати шахсӣ ва ғайра супоришҳо дода шуданд. Ҳамчунин вазифаҳои аввалиндараҷа оид ба роҳандозии робита бо корфармоёни минтақа низ барррасӣ шуданд.

КВД «Тоҷикхориҷакор»-и Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бо мақсади ба танзим овардани раванди муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия таъсис дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.