Ҳалокати панҷ тан дар ҳодисаҳои садамаи нақлиёт

Ҳафтаи сипаришуда бар асари се ҳодисаи садамаи нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ панҷ нафар ҳалок ва шаш тан ҷароҳат бардоштанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 21-уми апрел дар Душанбе  автомашинаи тамғаи «Нексия» таҳти идораи сокини 22-солаи пойтахт бо суръати баланд ба дарахт бархӯрда, дар натиҷа ронанда ва мусофири 20-солаи он дар ҷойи ҳодиса […]

Виктория Наумова


Ҳафтаи сипаришуда бар асари се ҳодисаи садамаи нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ панҷ нафар ҳалок ва шаш тан ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 21-уми апрел дар Душанбе  автомашинаи тамғаи «Нексия» таҳти идораи сокини 22-солаи пойтахт бо суръати баланд ба дарахт бархӯрда, дар натиҷа ронанда ва мусофири 20-солаи он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Чор нафар мусофирони синнусоли аз 16 то 19-солаи автомашина бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон мунтақил шуданд.

Дар садамаи нақлиёт, ки дар роҳи мошингарди Душанбе-Данғара рух дод, як нафар ба ҳалокат расид. Ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд, ки дар натиҷа ба автомашинаи «Опел-Астра» бармехӯрад. Дар натиҷа як мусофирзани автомшинаи «Опел-Вектра» ба ҳалокат расида, мусофирони дигари автомашинаҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Боз як ҳодисаи садамаи нақлиёти марговар дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба вукуъ пайваст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Санг-Йонг Муссо» аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи дар канори роҳ гузоштаи «Хаво» бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ронанда ва мусофири автомашинаи «Санг-Йонг Муссо» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.