Сокини сӯйи ҳамдеҳааш тиркушодаи Суғд ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Мастчоҳ сокини 48-солаи деҳаи Сабақи ҷамоати Палдорки ноҳияи Мастчоҳ Маҳадмирзо Шарифовро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаи 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят) ва 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор дониста ба муддати 11 соли зиндон маҳкум намуд, вале бо назардошти Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» муҳлати ҷазои ӯ аз чор як ҳисса […]

Бахтиёр Валиев


Суди ноҳияи Мастчоҳ сокини 48-солаи деҳаи Сабақи ҷамоати Палдорки ноҳияи Мастчоҳ Маҳадмирзо Шарифовро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаи 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят) ва 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор дониста ба муддати 11 соли зиндон маҳкум намуд, вале бо назардошти Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» муҳлати ҷазои ӯ аз чор як ҳисса кам шуда, ба 8,5 сол муқаррар шуд.

Бино ба маълумоти мақомоти прокуатураи ноҳияи Мастчоҳ, 3-юми майи соли 2011 писари Шарифов ҳангоми чаронидани чорвои хешовандонаш бо сокини маҳаллӣ Абдураҳим Сафаров баҳс мекунад.

«Маҳкумшуда аз ин хабардор гардида, ба Сафаров занг мезанад ва мегӯяд, ки рӯзи дигар ин масъаларо ҳал мекунанд. Рӯзи 4-уми май ӯ бо аслиҳаи шикорӣ ба назди Сафаров рафта, ба сӯйи ҳамдеҳааш чанд тир холӣ мекунад. Сарфи назар аз ҷароҳатҳои вазнин бардоштани Сафаров, ба табибони наҷоти ӯ муяссар гардид», – гуфтанд дар прокуратура.

М.Шарифов муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳотии низомаш шадид адо хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?