Вазорати мудофиа беш аз 100 нафарро аз хобгоҳаш ронданист

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 105 нафарро аз хобгоҳи вазорат воқеъ дар ҷамоати Пахтаободи шаҳри Турсунзода кӯчониданист. Вазорати мудофиа ин тасмими худро ба он шарҳ медиҳад, ки ин нафарон хизматчиёни ҳарбӣ набуда, дар хобгоҳ ғайриқонунӣ иқомат доштаанд. Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» бидуни ифшои ному насаб чанде аз иқоматкунандагони хобгоҳи мазкур муроҷиат карда, изҳор намуданд, ки дар ин […]

Меҳрангез Турсунзода


Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 105 нафарро аз хобгоҳи вазорат воқеъ дар ҷамоати Пахтаободи шаҳри Турсунзода кӯчониданист.

Вазорати мудофиа ин тасмими худро ба он шарҳ медиҳад, ки ин нафарон хизматчиёни ҳарбӣ набуда, дар хобгоҳ ғайриқонунӣ иқомат доштаанд.

Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» бидуни ифшои ному насаб чанде аз иқоматкунандагони хобгоҳи мазкур муроҷиат карда, изҳор намуданд, ки дар ин хобгоҳ беш аз 100 нафар зиндагӣ карда, зиёда аз 10 сол пештар дар ин ҷо манзил гирифтаанд.

«Мо ҳамеша маблағи хизматгузориҳои коммуналиро пардохт намуда, ҳатто гумон надоштем, ки мо дар ин ҷо ба қайд гирифта нашудаем ва тӯли ин 10 сол ҳеҷ кас аз мо ҳуҷҷате ҳам напурсидааст. Чанде қабл намояндагони Суди ҳарбии Душанбе аз мо дархост карданд, ки хобгоҳро холӣ намоем, вагарна моро маҷбурӣ мекӯчонидаанд», – иброз доштанд онҳо.

Ба ивази ҳуҷра дар хобгоҳ ба онҳо дар теппаҳои наздиктарин 12 сотихӣ қитъаи замин пешниҳод кардаанд, вале онҳо ба ин розӣ нестанд, зеро аксари онҳо дар шаҳр кор карда, фарзандонашон дар мактабҳо таҳсил мекунанд ва гузашта аз ин, бисёре аз онҳо ба сохтмони манзил дар қитъаҳои замин маблағе ҳам надоранд.

Онҳо умедворанд, ки ба мушкилоташон сарвари давлат расидагӣ мекунад. Сокинони хобгоҳ чандин маротиба бо мактуби расмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат муроҷиат кардаанд, вале то ҳанӯз посухе нагирифтаанд.

Ба эътиқоди сокинон, мушкилоти будубоши онҳо дар хобгоҳ акнун дар суд ҳал мешавад, зеро Вазорати мудофиа ба Суди ҳарбии Душанбе бо аризаи даъвогӣ муроҷиат карда, дар он далел пеш овардааст, ки ҳанӯз соли 2005 бо қарори ҳукумат бинои хобгоҳ аз тавозуни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба тавозуни Вазорати мудофиа гузаронида шудааст.

Ҳамчунин дар аризаи даъвогӣ зикр шудааст, ки аз он замон Вазорати мудофиа чандин маротиба ҷиҳати аз сокинон холӣ кардани хобгоҳ ба ҳукумати шаҳри Турсунзода, сарпрокурори ҳарбии ҶТ ва раиси ҷамоати Пахтаобод хаттиву шифоҳӣ муроҷиат намудааст.

«Санҷиши соли равон нишон дод, ки дар хобгоҳ оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки ба хизмати ҳарбӣ ҳеҷ муносибате надоранд ва ғайриқонунӣ аз ин ҷо манзил гирифтаанд. Илова бар ин, чун дар паҳлӯи хобгоҳ қисми низомӣ воқеъ аст, иқомат ва гаштугузори шахсони бегона ба Оинномаи Қувааҳои Мусаллаҳ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» мухолифат мекунад», – гуфта мешавад дар аризаи даъвогии Вазорати мудофиа.

Баррасии маводи аризаи даъвогии Вазорати мудофиа ба рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи оянда таъин шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.