Суғд: Панҷ ҳодисаи худкушӣ дар зарфи 2 рӯз

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боз якчанд ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд. Тайи ду рӯзи ахир дар вилояти Суғд 5 нафар даст ба худкушӣ задаанд. Чуноне ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии вилоят хабар доданд, рӯзи сешанбе сокини 23-солаи ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент Г.Н. дар оғили хонааш худро овехта, […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боз якчанд ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд. Тайи ду рӯзи ахир дар вилояти Суғд 5 нафар даст ба худкушӣ задаанд.

Чуноне ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии вилоят хабар доданд, рӯзи сешанбе сокини 23-солаи ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент Г.Н. дар оғили хонааш худро овехта, ба ҳалокат расидааст. Зимни азназаргузаронии ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ба мушоҳида нарасидаанд.

Ҳодисаи дуюми худкушӣ дар ҷамоати Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Ин ҷо дар хонаи худ нафақахӯри 72-сола Э.Х. худро ба дор овехта, бо ҳаёт падруд гуфтааст.

Рӯзе қабл бо роҳи худро ба дор овехтан сокини 24-солаи шаҳри Истаравшан Б.З., сокини 23-солаи ноҳияи Ашт Д. П. ва сокини 31-солаи шаҳри Табошар даст ба худкушӣ зада, фавтидаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилоят, дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд 67 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан (соли 2011 – 54 ҳодиса) ба қайд гирифта шуд, ки миёни онҳо 42 нафарашонро мардон (5 нафар ноболиғ) ва 25 нафари дигарро занон (4 нафар духтари ноболиғ) ташкил медиҳанд.

Ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд ду далели худкушӣ миёни кӯдакон ба қайд гирифта шуд, ки яке аз онҳо писари 12-сола ва дигарӣ духтари 17-сола мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.