Зарари сел ба се хоҷагии Конибодом

Деҳоти Маданият, Пахтакор ва Ниёзбеки ҷамоати ба номи Эргаш Шарифови шаҳри Конибодм аз офати табиӣ хисорот бардоштанд. Чуноне ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди тамринҳои комплексии ситодии шаҳр хабар доданд, фаромадани сел соати 20:00-и шом оғоз гардида, ҳавзи парвариши моҳӣ, якчанд қитъаи қаламрави фермаи хурди парандапарварӣ ва ҳамчунин майдонҳои кишти хоҷагиҳои зикршуда зери лойқаву санг […]

Акмал Алиев


Деҳоти Маданият, Пахтакор ва Ниёзбеки ҷамоати ба номи Эргаш Шарифови шаҳри Конибодм аз офати табиӣ хисорот бардоштанд.

Чуноне ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди тамринҳои комплексии ситодии шаҳр хабар доданд, фаромадани сел соати 20:00-и шом оғоз гардида, ҳавзи парвариши моҳӣ, якчанд қитъаи қаламрави фермаи хурди парандапарварӣ ва ҳамчунин майдонҳои кишти хоҷагиҳои зикршуда зери лойқаву санг мондаанд.

Дар натиҷаи чораҳои саривақт андешидаи ҳукумати маҳаллӣ, намояндагони дар тамрин иштирокдоштаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ, сокинон ба ҷойи бехавф кӯчонида шуда, дар қисматҳои ҷудогонаи Канали калони Фарғона корҳои соҳилмустаҳкумкунӣ баргузор шуданд.

Комиссияи махсуси таъсисёфта оид ба ҲФ ба муайян кардани ҳаҷми зарари расида машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки шуруъ аз 24-уми апрел дар Конибодом бо иштироки хадамоти ҷумҳуриявӣ ва вилоятии Кумитаи ҲФ ва ҳамчунин вазорату идораҳо тамринҳои хадамоти маҳаллии мудофиаи гражданӣ баргузор шуда истодаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.