Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо роҳбари БРСММ дар Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода  Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Норимаса Шимомураро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, зимни мулоқот  ҷаноби Шимомура аз рафти иҷроиши лоиҳаҳои барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи […]

ASIA-Plus


Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода  Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Норимаса Шимомураро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, зимни мулоқот  ҷаноби Шимомура аз рафти иҷроиши лоиҳаҳои барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи амалии «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» ва маблағгузории лоиҳаҳои «Фонди боварӣ»  ба Раиси вилояти Суғд маълумот дод.

Ҳамзамон Раиси вилояти Суғд аз ҳамкориҳои судманд бо шарикони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд, ки бобати вусъат бахшидани тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят  мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин Қоҳир Расулзода  оид ба вазъи инкишофи хоҷагии халқи вилоят бо Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Норимаса Шимомура сӯҳбат ороста, қайд намуд ки барои ривоҷи соҳибкории хурду миёна, афзун намудани содироти молу маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум ки дар натиҷаи Рӯзи қабули шаҳрвандон ба миён меоянд, ба инобат гирифтани ин масъалаҳоро дар таҳияи лоиҳаҳои минбаъдаи ин ташкилоти бонуфуз мувофиқи мақсад аст.

Роҳбари барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Норимаса Шимомура дар робита бо ин ҳама  изҳор дошт, ки  худи дирӯз аз тарафи Ҳукумати Финляндия як лоиҳаи нав, ки махсус барои вусъат бахшидани тиҷорат, хоса барои дастгирии он соҳибкороне, ки бо содирот ва истеҳсоли маҳсулот дар вилоят машғуланд, тасдиқ карда шуд ва мавриди иҷроиш қарор мегирад.

Раиси вилояти Суғд  ин падидаро фоли  нек  шуморида, саҳми Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро дар Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориҳои судманди дуҷониба хосса қайд кард.

Дар идомаи сафари кори худ  Роҳбари барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Норимаса Шимомура дар ҷаласаи гурӯҳи кории вилоятӣ оид ба рафти татбиқи рушди иқтисодии деҳот иштирок намуда, бо корхонаҳои хурди қарздиҳии «Суғдмикрофин», дар Маркази пешбари савдо ва содирот вохӯриҳо доир месозад.

Сафари кории Роҳбари барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Норимаса Шимомура дар вилояти Суғд санаи 27 апрел, пас аз иштирок дар Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят анҷом мепазирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.