Дар Кӯлоб қабулгоҳи ҷамъиятии Омбудсмен боз мешавад

Чанде қабл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон (Омбудсмен) Зариф Ализода аз шаҳри Кӯлоб боздид намуд. Бино ба гуфтаи З.Ализода, ҳадаф аз сафар бо мақомоти шаҳрдорӣ ҳал кардани масъалаи ҷудо кардани бино барои таъсиси қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Кӯлоб аст. «Қабулгоҳи Кӯлоб 8-умин қабулгоҳ оид ба ҳуқуқи инсон дар саросари ҷумҳурӣ […]

Турко Дикаев


Чанде қабл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон (Омбудсмен) Зариф Ализода аз шаҳри Кӯлоб боздид намуд.

Бино ба гуфтаи З.Ализода, ҳадаф аз сафар бо мақомоти шаҳрдорӣ ҳал кардани масъалаи ҷудо кардани бино барои таъсиси қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Кӯлоб аст.

«Қабулгоҳи Кӯлоб 8-умин қабулгоҳ оид ба ҳуқуқи инсон дар саросари ҷумҳурӣ буда, ин ҷо низ чун дар дигар қабулгоҳҳо 2 корманди соҳибтахассус муроҷиати шаҳрвандонро қабул хоҳанд кард», – гуфт вай.

Амалисозии лоиҳа оид ба таъсиси қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти онҳо тӯли ду соли ахир аз ҷониби як ниҳод оид ба ҳуқуқи инсони Дания маблағгузорӣ мешавад.

«Бо назардошти арзу шикояти расида аз минтақаи Кӯлоб ба Дафтари асосии мо ин минтақа аз минтақаҳои дгари Тоҷикистон ҳеҷ тафовуте надорад, вале вазъи воқеӣ пас аз ба фаъолият пардохтани қабулгоҳи ҷамъиятӣ возеҳтар мегардад», – иброз дошт Ализода.

Бо истифода аз фурсати муносиб Омбудсмен барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва суди минтақа оид ба мавзӯи риояи ҳуқуқи инсон семинар баргузор кард. Аз Кӯлоб З.Ализода ба шаҳри Хоруғ раҳсипор гардид. Дар Хоруғ низ ояндаи наздик қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон кушода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.