Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад, ки мӯҳлати хизмати ҳарбӣ то 1,5 сол кам карда шавад

Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад, ки ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйироту иловаҳо ворид карда шавад. Мансабдори воломақоми вазорат дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки пеш аз ҳама, ин ҷо сухан дар бораи тағйирот ба моддаҳои ҳуқуқи мавқуфгузорӣ ва озод шудан […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад, ки ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.




Мансабдори воломақоми вазорат дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки пеш аз ҳама, ин ҷо сухан дар бораи тағйирот ба моддаҳои ҳуқуқи мавқуфгузорӣ ва озод шудан аз хизмати ҳарбӣ меравад. «Ташаббуси мазкур ба он вобаста аст, ки дар маъракаи даъват мо қариб 85 фоизи шаҳрвандони лоиқ ба хизматро бо ин сабабҳо даъват карда наметавонем, зеро қисме аз ин моддаҳо истифода бурда, қисми дигар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд», – гуфт ӯ.



Ба иттилои манбаъ, феълан лоиҳаи мазкур барои мувофиқа ба мақомоти дахлдор фиристода шудааст. «Аз ҳозир аён аст, ки мо ба муқобилати шадид дучор мешавем, зеро он ба манфиатҳои аксари мансабдорону фарзандони онҳо нест», – гуфт манбаъ.



Зикр гардид, ки қонуни мавҷуда дар ин бора ба воқеияти имрӯза ҷавобгӯ нест ва дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз қонунҳои кишварҳои ҳамсоя нусхабардорӣ карда шудааст. «Ба ҷуз ворид сохтани тағйирот дар масъалаи ташкили маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, беҳбуди фаъолияти комиссияҳои даъватӣ, мо ҳамчунин пешниҳод кардем, ки мӯҳлати хизмат то 1,5 сол кам карда шавад», – афзуд сарчашма.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.