Дар фурудгоҳи пойтахт барои мусофирони хатсайрҳои маҳаллӣ толори интизории нав мавриди истифода қарор гирифт

Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фурудгоҳи пойтахт барои мусофирони хатсайрҳои маҳаллӣ толори интизории нав мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора аз маркази матуботи ширкати « Tajik Air »   хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, дар толор барои мусофирон ҳама гуна шароитҳо, аз ҷумла нуктаи бақайдгирӣ, огоҳкунӣ, қаҳвахона, ҷойҳои нишасту истироҳат ва […]

Виктория Наумова


Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фурудгоҳи пойтахт барои мусофирони хатсайрҳои маҳаллӣ толори интизории нав мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора аз маркази матуботи ширкати «


Tajik




Air


»

 

хабар доданд.




Бино ба иттилои манбаъ, дар толор барои мусофирон ҳама гуна шароитҳо, аз ҷумла нуктаи бақайдгирӣ, огоҳкунӣ, қаҳвахона, ҷойҳои нишасту истироҳат ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир шудаанд.



Ғайр аз ин, дар толори нав нуқтаи фурӯши чиптаҳо ва пардохти маблағи вазни бағочи аз меъёр зиёд низ фаъолият мекунад. Тибқи маълумоти маркази матбуоти фурудгоҳ, ба ҷойи дигар кӯчидани толори интизории мусофирони хатсайрҳои маҳаллӣ ба сохтмони терминали нав дар фурудгоҳ марбут аст ва макони воқеъшавии толори кӯҳна ба маҳалли сохтмони терминали нав ворид мешавад. «Аз оғози соли нав сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи пойтахт шурӯъ мешавад», – афзуд манбаъ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.