Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ ва сафири Исроил дурнамои густариши ҳамкориҳоро дар бахши кишоварзӣ муҳокима карданд

            Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов ва сафири Исроил дар Тоҷикистон Эҳуд Гол дурнамои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.             Тавре сухангӯи вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар вохӯри имконоти роҳандозии ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов ва сафири Исроил дар Тоҷикистон Эҳуд Гол дурнамои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.





           

Тавре сухангӯи вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар вохӯри имконоти роҳандозии ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати ҷорисозии фановариҳои тоза дар бахши рустанипарварӣ, паррандапарварӣ, гармхонаҳо ва ғайра баррасӣ шуданд.




           

Қ.Қосимов барои дастгирии ташкили курсҳои омӯзишӣ дар доираи Маркази ҳамкории байнулмилалии «МАШАВ»-и Вазорати умури хориҷии Исроил ба дипломат изҳори миннатдорӣ намуд. Ғайр аз ин, Қ.Қосимов ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои пахтакорӣ, парваришу истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ ва тухмипарварӣ пешниҳодҳои ҷолиб кард.




           

Ба қавли Н.Додобоев, сафири Исроил омодагии кишварашро баҳри густариши минбаъдаи ҳамкориҳо, ҷалби коршиносони Исроил ба Тоҷикистон ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар ин кишвар баён намуд. Дар маҷмӯъ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои густаришу тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ

 

миёни кишварҳо имконоти бузург мавҷуданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.