Роҳандозии ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷират ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Имрӯз вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо Котиби Генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов доир гардид. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, зимни мулоқот сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба таъсиси Хадамоти муҳоҷират, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва дастовардҳои Хадамот дар тӯли як сол маълумоти муфассал дод. Дар […]

ASIA-Plus


Имрӯз вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо Котиби Генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов доир гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, зимни мулоқот сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба таъсиси Хадамоти муҳоҷират, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва дастовардҳои Хадамот дар тӯли як сол маълумоти муфассал дод.

Дар навбати худ Муҳаббатов Зафар – Котиби Генералии Ҳилоли Ахмар оид ба кушодашавии Марказҳои муҳоҷират дар шаҳру навоҳии кишвар иттилоъ дода, хостори ҳамкории зичи Хадамоти муҳоҷират бо марказҳои номбурда гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар моҳҳои оянда бо кӯмак ва дастгирии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар бинои Хадамоти муҳоҷират Маркази омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ сохта ва ба истифода дода мешавад.

Дар интиҳои мулоқот Созишномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.