Интиқоли ҷасади тоҷикони дар наҷоти сокини Уфа иштирокдошта

Ҷасади тоҷиконе, ки дар шаҳри Уфаи Русия ҳангоми кӯшиши наҷот додани сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расида буданд, ба ватан фиристода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги тоҷикии TAJINFO дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, корҳои ташкили интиқоли ҷасадҳоро аъзои Маркази фарҳанги тоҷикони «Пайванд-1»-и Ҷумҳурии Бошқирдистон ба уҳда гирифтаанд. Ба қавли М.Эгамзод, ду нафар тоҷикон, […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҷасади тоҷиконе, ки дар шаҳри Уфаи Русия ҳангоми кӯшиши наҷот додани сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расида буданд, ба ватан фиристода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги тоҷикии TAJINFO дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, корҳои ташкили интиқоли ҷасадҳоро аъзои Маркази фарҳанги тоҷикони «Пайванд-1»-и Ҷумҳурии Бошқирдистон ба уҳда гирифтаанд.

Ба қавли М.Эгамзод, ду нафар тоҷикон, ки дар бозори кор мекарданд, ба кумаки сокини маҳаллии ба чоҳ афтода мешитобанд, вале ҳарду ҳам ба чоҳ поин шуда, бо ҳамин дигар бедарак мешаванд.

Гуфта мешавад, дар чоҳ гази заҳролуд ҷамъ шуда, бар асари он сокини маҳаллӣ ва ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.

«Шаби гузашта ҷасади ҳамватанони мо ба ватан фиристода шуданд. Яке ба Тоҷикистон ва дигаре ба Ӯзбекистон, зеро яке аз тоҷикон шаҳрванди Ӯзбекистон буд», – гуфт М.Эгамзод.

Бино ба фарзияи пешакии Кумитаи тафтишотии Русия дар Бошқирдистон, се нафар бар асари заҳролудшавӣ аз газ ҳалок шудаанд. « Оё касе барои ҳаёти ин фавтидагон масъулияте хоҳад дошт, ҳанӯз маълум нест», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.