Кишти дубора дар қариб дар 2,5 ҳазор га заминҳои кишти ҷануби кишвар

Селфароиву боридани жола дар даҳаҳои аввал ва дуюми моҳи апрели соли равон дар маҷмуъ 2 ҳазору 383 гектар заминҳои кишти 6 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро хароб карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз раёсати минтақавии кишоварзӣ хабар дод, 1 ҳазору 233 га заминҳои кишти ғалладдона ва 868 га заминҳои кишти пунбадона пурра шуста […]

Турко Дикаев


Селфароиву боридани жола дар даҳаҳои аввал ва дуюми моҳи апрели соли равон дар маҷмуъ 2 ҳазору 383 гектар заминҳои кишти 6 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро хароб карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз раёсати минтақавии кишоварзӣ хабар дод, 1 ҳазору 233 га заминҳои кишти ғалладдона ва 868 га заминҳои кишти пунбадона пурра шуста шуда, ба хоҷагиҳо зарур аст, ки ҷиҳати гузаронидани кишти дубора чораҳо андешанд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз офати табиӣ бештар ноҳияи Данғара хисорот бардошта, 965 га заминҳои кишти ин ноҳия осеб дидаанд. «Миёни хоҷагиҳо аз ҳама бештар ба хоҷагии ба номи Ҳамадонии ноҳияи Кӯлоб зарар расида, қариб дар 50% заминҳои кишт гузаронидани кишти дубора лозим меояд», – гуфт вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, кишти дубора низ хароҷоти маблағи зиёдеро тақозо мекунад ва аксари хоҷагиҳо имкони гузаронидани онро надоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.