БМТ таҳсили як донишҷӯ дар мактаби олии Маскавро ба уҳда мегирад

Бонки миллии Тоҷикистон таҳсили як нафар донишҷӯ дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии ядройи ш. Москваи Федератсияи Россия аз рӯйи ихтисоси «Амнияти иттилоотии сохторҳои молиявӣ ва иқтисодӣ»-ро маблағгузорӣ мекунад. Донишҷӯ бо хобгоҳ ва идрорпулӣ (стипендия)-и сазовор таъмин мегардад. Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, донишҷӯ баъд аз хатми таҳсил ба Бонки миллии Тоҷикистон ба […]

ASIA-Plus


Бонки миллии Тоҷикистон таҳсили як нафар донишҷӯ дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии ядройи ш. Москваи Федератсияи Россия аз рӯйи ихтисоси «Амнияти иттилоотии сохторҳои молиявӣ ва иқтисодӣ»-ро маблағгузорӣ мекунад. Донишҷӯ бо хобгоҳ ва идрорпулӣ (стипендия)-и сазовор таъмин мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, донишҷӯ баъд аз хатми таҳсил ба Бонки миллии Тоҷикистон ба кор қабул карда мешавад.

«Барои интихоби номзади арзанда БМТ миёни хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумии соли 2012 озмун эълон мекунад. Хуб донистани забони русӣ, дониши қаноатбахш аз фанҳои математикаву физика аз талаботҳои асосии озмун аст», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти БМТ.

Ба иттилои манбаъ, қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 11-уми май идома ёфта, рӯзи 17-уми май натиҷаҳои озмун ҷамъбаст мегарданд. Ғолиби озмун бидуни супоридани имтиҳонҳои иловагӣ ба курси якуми донишгоҳи зикршуда қабул мегардад.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.