Оғози бозбинии лоиҳаи Кодекси андоз аз ҷониби гурӯҳи кории мустақил

Лоиҳаи Кодекси нави андоз, ки ба президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид, маъқул шуморида нашуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Шӯрои ҳамоҳангсози ассотсиатсияи тоҷирон ва Итиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Некрӯз Забиров хабар дод, сарвари давлат супориш додааст, ки лоиҳаи кодекс дар фурсати наздиктарин (се моҳ) дубора бозбинӣ шуда, ба ассостсиатсияи тоҷирон баҳодиҳии мустақил ба он ва асосноккунии тамоми […]

Заррина Эргашева


Лоиҳаи Кодекси нави андоз, ки ба президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид, маъқул шуморида нашуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Шӯрои ҳамоҳангсози ассотсиатсияи тоҷирон ва Итиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Некрӯз Забиров хабар дод, сарвари давлат супориш додааст, ки лоиҳаи кодекс дар фурсати наздиктарин (се моҳ) дубора бозбинӣ шуда, ба ассостсиатсияи тоҷирон баҳодиҳии мустақил ба он ва асосноккунии тамоми тавсияҳои пешниҳодшуда зарур аст.

Номбурда гуфт, аз лоиҳаи пешниҳодшудаи Кодекси нави андоз аз ҷониби ҳукумат бахши хусусӣ комилан қаноатманд нест ва дар сурати аз ҷониби президент қабул нашудани лоиҳаи пешниҳодшудаи онҳо, боқӣ мондани кодекси амалкунанда беҳтар аст.

Забиров иброз дошт, ки гуруҳи кории мустақил таъсис ёфта, ба кор оғоз кардааст ва дар муддати ду моҳ лоиҳаи нави Кодекси андозро дубора мавриди бозбинӣ қарор медиҳад.

Раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон Константин Бондаренко бар ин назар аст, ки агар ҳукумат ҳаҷми андозситониро нисбатан коҳиш диҳад, соҳибкорон фаъолтар шуда, аз рӯйпӯш кардани даромад даст мекашанд ва ба фаъолияти қонунӣ мепардозанд.

Бондаренко муътақид аст, ки лоиҳаи нави Кодекси андози кунуниро мебояд мавриди интиқод қарор дод, зеро он натанҳо манфиати як гуруҳи соҳибкорон, балки манфиати рушди иқтисодии ҷумҳуриро ҳифз мекунад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.