Се моҳ барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот

Рӯзи 6-уми май дар Теҳрон зимни мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов бо ҳамтои эронии худ Алӣ Некзод масоили сохтмони роҳи оҳан миёни кишварҳои Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба маълумоти Агентии иттилоотии IRNA, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати дар муддати се моҳ омода шудани тарҳи фанниву иқтисодии қисмати […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзи 6-уми май дар Теҳрон зимни мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов бо ҳамтои эронии худ Алӣ Некзод масоили сохтмони роҳи оҳан миёни кишварҳои Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти Агентии иттилоотии IRNA, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати дар муддати се моҳ омода шудани тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳ, ки аз ҷониби мутахассисони эронӣ мавриди таҳия қарор дорад, ба мувофиқа расидаанд.

Қаблан, моҳи январи соли равон зимни нишасти хабарӣ Н.Ҳакимов изҳор карда буд, ки ширкати эронии «Метро» корҳои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳиротро бо ҳар баҳонае ба дарозо мекашад ва то ҳанӯз танҳо ҳисоботи пешакӣ оид ба қисматҳои ҷудогонаи роҳ пешниҳод шудаасту халос. Ҳанӯз моҳи октябри соли 2010 миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати эронии «Метро» санади таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот ба имзо расида буд.

Н.Ҳакимов таъкид сохт, ки вазорат барои суръат бахшидан ба корҳо тавассути Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба сафорати Эрон дар Душанбе муроҷиат кардааст, то ки сафорат ин корро таҳти назорат қарор диҳад.

Вазир ҳамчунин иброз дошт, ки ҷониби Тоҷикистон нисбат ба ширкати эронӣ чораҳои ҷаримабандӣ андешида наметавонад, зеро маблағи таҳияи тарҳи фанниву иқтисодӣ аз ҷониби Эрон ройгон ҷудо шудаанд ва вазорат танҳо метавонад дархост намояд, ки паймонкори кулл иваз карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки Эрон барои иҷрои ин корҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо намуд. Баъдтар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати эронии «Метро» дар бораи таҳияи лоиҳа асноди зарурӣ ба имзо расонида, он аз ҷонби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.

Масофаи қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот 392 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Ваҳдат-Қарамиқ (марзи Қирғизистон), ки 270 километрро ташкил медиҳад, мушкилтарин мавзеъ арзёбӣ мешавад. Бо назардошти релефи маҳалли мазкур барои сохтмони як километри роҳи оҳан дар ин қитъа аз 8 то 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Ҳамчунин сохтмони 16 километр нақбҳо ва 47 пул низ пешбинӣ мешавад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов ҷиҳати иштирок дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Хуросони Ҷанубӣ: транзит ва рушди Меҳвари Шарқӣ», ки имрӯз оғоз мегардад, дар Эрон қарор дорад. Дар кори конфронс намояндагони 18 кишвари дунё иштирок мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.