Дарёфти беш аз 30 кило бангдона дар ҷануби кишвар

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ кормандони милиса беш аз 30 кило маводи мухаддир дарёфт намуданд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми аз назаргузаронии таги купрӯки роҳи мошингарди Кӯлоб-Шуробод-Қалаи-Хумб, воқеъ дар мавзеи Қалоти маҳсуми Шакур, 2-адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори бангдона вазни умумиашон 30 кг. 150-грамм буд, дарёфт ва мусодира карда […]

ASIA-Plus


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ кормандони милиса беш аз 30 кило маводи мухаддир дарёфт намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми аз назаргузаронии таги купрӯки роҳи мошингарди Кӯлоб-Шуробод-Қалаи-Хумб, воқеъ дар мавзеи Қалоти маҳсуми Шакур, 2-адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори бангдона вазни умумиашон 30 кг. 150-грамм буд, дарёфт ва мусодира карда шудааст.

«Аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки маводи мухаддири дарёфтшуда ба сокинони Кӯлоб Фирӯз Назарови 27-сола ва Ҳасан Шамсиддинови 34-сола тааллуқ дорад», – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршудагон дастгир гардида, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.