Баррасии масоили муҳоҷирати қонунӣ дар қаламрави Тоҷикистон

Ахири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар «Оид ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ доир гардид. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти мазкур хабар доданд, дар мизи мудаввар Муовини […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар «Оид ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ доир гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти мазкур хабар доданд, дар мизи мудаввар Муовини Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Ҳ.С., Муовини якуми Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев А.М. ва масъулини як қатор вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳури иштирок намуда, ҷиҳати ба танзимдаровардани раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон, будубоши онҳо ва мушкилоти дар ин самт ҷойдошта инчунин, масоили дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин матраҳ гардиданд.

Нахуст ҷаласаро Консули Ҷумҳурии Мардумии Чин Дин Вей оғоз намуда, аз дастгирии мақомотҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ҳамкориҳои босамари дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой изҳори қаноатмандӣ намуд.

Мавсуф баён дошт, ки « Тоҷикистону Хитой бо ҳам робита ва ҳамкории пурсамар доранд, аз як дарьё об менушему кӯҳҳои умумӣ дорем ва бо ҳам сахт дар алоқаманд ҳастем.

Дар пешрафти иқтисодиёти кишвари Тоҷикистон нақши намояндагони самтҳои гуногуни фаъолияти мардуми Хитой назаррас аст. Мо аз меҳмоннавозӣ ва муносибати хуби мардуми тоҷик миннатдор ҳастем иброз дошт Консули Хитой».

Сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба таъсис ва фаъолияти Хадамот, вазифаҳои асосии ин ниҳод, дастовардҳо, танзим раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши муҳоҷирон, назорати муҳоҷирон ва паҳлӯҳои гуногуни муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромади пурмӯҳтаво намуд.

Дар нишасти мазкур соҳибкорону сармоягузорони чинӣ низ иштирок доштанд. Онҳо аз фаъолият, пешравиҳо ва дастоврдҳои худ сухан ронда, фикру андешаҳои хешро оид ба мушкилоти дар ин самт чой дошта, ичунин миннатдории хешро ба роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баён доштанд.

Дар рафти баргузории мизи мудаввар ба кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, саволҳои хешро пешкаш намуда, ҷавобҳои мушахасс гирифтанд.

Аксари саволҳо оид ба тамдиди раводид, гирифтани механизми он дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ва мушкилоти дар ин самт ҷойдошта сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.