Насби терминалҳои бонкӣ дар нуқтаҳои фурӯши «Газпромнефт-Тоҷикистон»

Шуруъ аз моҳи апрел дар тамоми нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» терминалҳои бонкӣ насб шуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, аз ин ба баъд ронандагоне, ки дорои кортҳои бонкии Visa, Maestro ва КОД (Корти Аввалини Дохилӣ) мебошанд, метавонанд маблағи хариди маҳсулоти нафтӣ ва дигар молу хизматгузориро дар мағозаҳои нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории «Газпром […]

ASIA-Plus


Шуруъ аз моҳи апрел дар тамоми нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» терминалҳои бонкӣ насб шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, аз ин ба баъд ронандагоне, ки дорои кортҳои бонкии Visa, Maestro ва КОД (Корти Аввалини Дохилӣ) мебошанд, метавонанд маблағи хариди маҳсулоти нафтӣ ва дигар молу хизматгузориро дар мағозаҳои нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории «Газпром нефт» тавассути кортҳои бонкӣ бидуни комиссияи бонкӣ пардохт намоянд.

Айни замон ин хизматгузорӣ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории № 2, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 13 ва 019-и ширкат ба роҳ монда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар давоми моҳи май ширкати «Газпром нефт – Тоҷикистон» ният дорад, ки дар тамоми нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе чунин терминалҳои бонкӣ насб кунад.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкат хабар доданд, ки аз 5-уми май дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории №4 (шаҳри Турсунзода), №15 (ш. Хуҷанд) ва №16 (шаҳри Чкаловск) фурӯши бензини навъи олии Аи-98 (премиум) оғоз гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.