Пешбарии раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ба номзадии узви Маҷлиси миллӣ

Раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ба номзадии узви палатаи болоии парлумони кишвар пешбарӣ шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи интихобот ба як ҷойи холишуда дар палатаи болоии парлумони кишвар ба ивази Нуриддин Саидовро ба рӯзи 9-уми […]

Аваз Юлдошев


Раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ба номзадии узви палатаи болоии парлумони кишвар пешбарӣ шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи интихобот ба як ҷойи холишуда дар палатаи болоии парлумони кишвар ба ивази Нуриддин Саидовро ба рӯзи 9-уми июн муайян кард. Нуриддин Саидов аввали моҳи январ ба мансаби вазири маорифи ҷумҳурӣ таъин шуда, ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ-ро супурд.

Айни замон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ боз як ҷой холӣ аст. Аввали соли равон собиқ раиси Дастгоҳи иҷроияи сарвари Давлат Матлубхон Давлатов ба вазифаи муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, аз узвияти Маҷлиси миллӣ хориҷ шуд. Мутобиқи қонунгузорӣ, узви палатаи болоии парлумонро ба ин ҷой президент таъин мекунад.

Қобили зикр аст, ки палатаи болоии парлумони кишвар аз 33 нафар аъзо иборат буда, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро интихоб менамоянд ва 8 нафари дигар бо фармони президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд.

Ғайр аз ин, собиқ президентҳои Тоҷикистон агар ихтиёран аз ин ҳуқуқ даст накашанд, метавонанд якумр аъзои Маҷлиси миллӣ бошанд.

Муҳлати ваколати Маҷлиси Олӣ 5 сол аст. Бо анҷоми ин муҳлат интихоботи нав гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.