Медали тилои ба номи Менделееви толибилми тоҷик

Бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон толибилми тоҷик, хатмкунандаи литсейи туркии ба номи Хоҷа Камол ба медали тилои ба номи Менделеев мушарраф гардид. Соли равон аз 23 то 30-юми май дар пойтахи Қазоқистон – шаҳри Остона Олимпиадаи байнулмилалии 46-уми ба номи Менделеев аз фанни кимиё баргузор шуда, дар он 112 нафар толибилмон аз 18 кишварҳои ИДМ, […]

Шоира Ашӯрова


Бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон толибилми тоҷик, хатмкунандаи литсейи туркии ба номи Хоҷа Камол ба медали тилои ба номи Менделеев мушарраф гардид.

Соли равон аз 23 то 30-юми май дар пойтахи Қазоқистон – шаҳри Остона Олимпиадаи байнулмилалии 46-уми ба номи Менделеев аз фанни кимиё баргузор шуда, дар он 112 нафар толибилмон аз 18 кишварҳои ИДМ, Назди Балтик ва Аврупо ширкат варзиданд. Бо қарори ҳакамон 11 нафар бо медали тило, 22 нафар бо медали нуқра ва 34 иштирокчӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Тоҷикистонро дар олипиада ҳафт нафар толибилмони литсей-интернатҳои муштараки тоҷикиву туркӣ ва гимназимяи ба номи Азизови шаҳри Исфара намояндагӣ карданд. Намояндагони Тоҷикистон аз олимпиада бо як медали тилои ба номи Менделеев, се медали биринҷӣ ва ду мукофоти «Слава» (Шараф) баргаштанд.

Толибилми синфи 11-уми литсей-интернати муштараки тоҷикиву туркии ба номи Хоҷа Камоли шаҳри Душанбе Улуғбек Баротов ба медали тилои олимпиада сазовор дониста шуд. Хонандагони дигари ҳамин литсей Ҳамидҷон Холиқов, Беҳрӯз Носиров ва Маъруф Болтаев ҷойҳои сеюмро ишгол намуда, имкон пайдо карданд, ки бидуни имтиҳоноти дохилшавӣ ва ройгон дар Донишгоҳи давлатии ба номи М.Ломоносови шаҳри Маскав таҳсил кунанд.

Сомон Ҳакимов ва Ҳабибулло Саидов зинаҳои чорумро ишғол карда, бо ифтихорномаҳо сарафроз гардонида шуданд. Хонандаи гимназияи ба номи Азизов Таҳмина Шокирова низ бо ифтихорномаи олимпиада қадрдонӣ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.