Дар Душанбе ҷанбаҳои ҳуқуқии муҳоҷирати корӣ баррасӣ мешаванд

Рӯзи 11-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мушкилоти ҳуқуқии муҳоҷират дар Тоҷикистон: назария ва амали он» мизи гирд доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази миллии қонунгузории ҶТ хабар доданд, дар кори мизи гирд олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносони мустақил ширкат меварзанд. «Дар мизи гирд масоили ҷанбаҳои ҳуқуқии муҳоҷирати […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи 11-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мушкилоти ҳуқуқии муҳоҷират дар Тоҷикистон: назария ва амали он» мизи гирд доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази миллии қонунгузории ҶТ хабар доданд, дар кори мизи гирд олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносони мустақил ширкат меварзанд.

«Дар мизи гирд масоили ҷанбаҳои ҳуқуқии муҳоҷирати корӣ, нақши созмонҳои байнулмилалӣ дар ҳалли мушкилоти муҳоҷират ва ҳалли мушкилоти гендерии муҳоҷирони корӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд», – зикр кард манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи натиҷаҳои кори мизи гирд қабули як қатор тавсияҳо ба вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байнулмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.