Бурси иловагии БҶ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 11 млн. $

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 11, 85 млн. доллари ИМА бурси иловагӣ ҷудо намуд. Ин қарор аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк рӯзи 8-уми май маъқул шуморида шуд. Дар доираи амалисозии қисмати охири лоиҳа беш аз 200 ҳазор нафар сокинони шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Фархор, Данғара, Кӯлоб ва Восеъ ба оби тозаи ошомиданӣ ва пешниҳоди хизматгузории […]

Виктория Наумова


Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 11, 85 млн. доллари ИМА бурси иловагӣ ҷудо намуд. Ин қарор аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк рӯзи 8-уми май маъқул шуморида шуд.

Дар доираи амалисозии қисмати охири лоиҳа беш аз 200 ҳазор нафар сокинони шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Фархор, Данғара, Кӯлоб ва Восеъ ба оби тозаи ошомиданӣ ва пешниҳоди хизматгузории хушсифат дастрасии беҳтар пайдо хоҳанд кард.

Тавре дар иттилоияи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар дода мешавад, воситаҳои бурсӣ баҳри рӯйпӯш кардани хароҷоти марбут ба тавсеаи фаъолияти лоиҳа дар бахшҳои таъминоти обу санитария ва ҳамчунин таҳкими имконоти зерсохторӣ ҷиҳати беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум ба муддати тӯлонӣ равона хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, 2 млн. доллари ИМА аз ин маблағ барои амалисозии чорабиниҳои пешгирӣ ё коҳиши оқибатҳои обхезӣ дар вилояти Хатлон пешбинӣ шудаанд.

Имрӯз сандуқи сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 14 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии онҳо 225 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ сармоягузорӣ бештар ба бахши энергетикаву таъминоти об (35%), сипас бахши кишоварзӣ ва рушди деҳот (31%), рушди маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (30%) ва рушди иқтисоду бахши давлатӣ (4%) сурат гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.