Русия ба чоргонаи кишварҳои беҳтарин барои муҳоҷирон шомил шуд

Бино ба маълумоти натоиҷи назарсанҷии Expat Explorer, ки аз ҷониби гуруҳи бонкии HSBC гузаронида шуд, соли 2011 Арабистони Саъудӣ кишвари беҳтарин дар саросари ҷаҳон барои муҳоҷирони корӣ арзёбӣ гардид. Сарфи назар аз тафовути зиёд дар музди меҳнати пасттарину баландтарин, Русия низ ба қатори чор кишвари беҳтарин дар ин рӯйхат шомил шуд. Ба қатори аввали рӯйхат […]

Пайрав Чоршанбиев


Бино ба маълумоти натоиҷи назарсанҷии Expat Explorer, ки аз ҷониби гуруҳи бонкии HSBC гузаронида шуд, соли 2011 Арабистони Саъудӣ кишвари беҳтарин дар саросари ҷаҳон барои муҳоҷирони корӣ арзёбӣ гардид. Сарфи назар аз тафовути зиёд дар музди меҳнати пасттарину баландтарин, Русия низ ба қатори чор кишвари беҳтарин дар ин рӯйхат шомил шуд.

Ба қатори аввали рӯйхат кишварҳое ҷой гирифтанд, ки дар он муҳоҷирон худро бештар осуда ҳис мекунанду аз кори кардаашон музди шоиста мегиранд.

Сафи даҳгонаи аввалини кишварҳои беҳтарин барои муҳоҷирон дар соли 2011 ба тариқи зайл аст: 1) Арабистони Саъудӣ; 2) Миср; 3) Сингапур; 4) Русия; 5) Швейтсария; 6) Қатар; 7) Мексика; 8) Гонконг; 9) Аморати Муттаҳидаи Араб ва 10) Таиланд.

Тибқи баъзе маълумот, айни замон аз қариб аҳолии 8 млн. нафараи Тоҷикистон беш аз 1 млн. нафар муҳоҷирати корӣ ва будубош дар Русияро ихтиёр кардаанд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2011 бо истифода аз низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ ва почтаи Русия шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 3 млрд. $ маблағ интиқол додаанд.

Ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта қариб 50 дарсади ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар соли 2011-ро ташкил дода, аз ҳаҷми қисми даромади буҷети давлатии соли 2011 ба андозаи 42 дарсад бештар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон беш аз 30 млрд. сомонӣ (зиёда аз 6,3 млрд. $) ва даромади буҷет 8,3 млрд. сомонӣ (зиёда аз 1,74 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.